Оператори маълумоти шахсии Барномаи мобилии «MaktabDG» (минбаъд – оператор) Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.www.mjtik.tj
Сиёсати ҳифзи махфият (минбаъд – сиёсат) нисбати тамоми маълумоти шахсӣ, ки оператор метавонад дар рафти истифодаи Барномаи мобилии «MaktabDG» аз Истифодабаранда гирад, амал мекунад.
Истифодаи Барномаи мобилии «MaktabDG» маънои розигии бечунучарои истифодабарандаро бо ин сиёсат ва шартҳои дар он зикршуда барои коркарди маълумоти шахсии ӯ ифода мекунад. Дар ҳолати розӣ набудан бо ин шартҳо, истифодабаранда бояд аз истифодаи Барномаи мобилии «MaktabDG» худдорӣ намояд.
1.1. Дар доираи ин сиёсат, «маълумоти шахсии истифодабаранда» логин ва пароле мебошанд, ки Истифодабаранда ҳангоми воридшавӣ ба Барномаи мобилии «MaktabDG» шахсан ворид менамояд.
1.2. Ин сиёсат танҳо ба маълумоте дахл дорад, ки дар рафти истифодаи Барномаи мобилии «MaktabDG» коркард мешавад. Оператор барои коркарди маълумоти системаҳои иттилоотии шахсӣ ё барномаҳои компютерии шахсони сеюм ҷавобгар нест.
1.3. Оператор дурустии маълумоти шахсие, ки аз ҷониби истифодабаранда пешниҳод шудааст, санҷида наметавонад ва қобилияти ҳуқуқии ӯро арзёбӣ карда наметавонад. Аммо, оператор бар он асос меистад, ки истифодабаранда маълумоти дурусту кофӣ пешниҳод менамояд, онро дар ҳолати нав нигоҳ медорад ва тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирии дастрасии шахсони бегона ба ин маълумот меандешад.
2.1. Барномаи мобилии «MaktabDG» танҳо маълумоти шахсиро мегирад ва коркард мекунад, ки барои воридшавии истифодабаранда лозим аст.
2.2. Маълумоти шахсии истифодабаранда бо мақсади воридшавии ӯ ба Барномаи мобилии «MaktabDG» гирифта ва коркард мешавад.
3.1. Нисбати маълумоти шахсии истифодабаранда махфият риоя мешавад, ба истиснои ҳолатҳои худихтиёрона пешниҳод кардани маълумот барои дастрасӣ ба доираи муайяни шахсон.
3.2. Оператор ҳуқуқ дорад маълумоти шахсии истифодабарандаро дар ҳолатҳои зерин ба шахсони сеюм пешниҳод намояд:
3.2.1. Истифодабаранда барои чунин амалҳо розигӣ додааст;
3.2.2. Интиқол барои истифодаи хидмати мушаххас ё иҷрои шартнома ё созишномаи бо истифодабаранда баста зарур аст.
3.3. Ҳангоми коркарди маълумоти шахсии истифодабарандагон, оператор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.
4.1. Маълумоти шахсии истифодабаранда дар воситаҳои электронии Барномаи мобилӣ барои давраи зарурӣ барои воридшавии истифодабаранда нигоҳ дошта мешавад.
4.2. Маълумоти шахсии истифодабаранда баъди анҷоми воридшавӣ ба Барномаи мобилӣ нобуд карда мешавад.
5.1. Оператор чораҳои зарурӣ ва кофии ташкилӣ ва техникиро барои ҳифзи маълумоти шахсии истифодабаранда аз дастрасии ғайриқонунӣ, нест кардан, тағйир додан, бастан, нусхабардорӣ, паҳн кардан, инчунин дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм меандешад.
6.1. Оператор ҳуқуқ дорад ба ин сиёсати ҳифзи махфият тағйирот ворид намояд. Ҳангоми ворид намудани тағйирот, санаи нашри охирини нусхаи нав зикр мегардад. Нусхаи нави сиёсат аз лаҳзаи ҷойгиршавӣ эътибор пайдо мекунад, агар ҳолати дигаре дар нусхаи нав пешбинӣ нашуда бошад.
6.2. Ба ин сиёсат ва муносибатҳои байни истифодабаранда ва оператор, ки вобаста ба татбиқи сиёсати ҳифзи махфият ба миён меоянд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.
7.1. Тамоми пешниҳодҳо ва саволҳо оид ба ин сиёсатро истифодабаранда метавонад ба Хадамоти дастгирии истифодабарандагони оператор ирсол намояд.